ХУҶАНД БА МАЪРАКАИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ОМОДА НЕСТ

Декабрь 16, 2009 15:34

                    Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 16 декабри соли ҷорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати раиси вилоят Қоҳир Расулзода ҷаласаи ситод оиди барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 доир гардид.                     Дар ҷаласа масъалаи рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли равон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010» мавриди баррасӣ қарор гирифт.                     Раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирганд Шабозов зимни баромади хеш дар бораи аҳамият ва моҳияти ин маъракаи сиёсӣ ҳарф зада, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки корҳои омодагиро барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ, ки аз 21 то 30 сентябри соли 2010 гузаронида мешавад, бо сифати баланд анҷом диҳанд.                     Қоҳир Расулзода зикр намуд, ки оиди корҳои омодагӣ барои барӯйхатгирии аҳолӣ соли 2010 дар вилоят бисёр корҳо ба сомон расонида шуда бошад ҳам, аммо дар баъзе аз шаҳру навоҳии вилоят камбудиҳо ба назар мерасанд.                    «Бояд гуфт, ки оид ба тартиб даровардани номгӯи кӯчаҳо ва тангкӯчаҳо, рақами маҳаллаҳо, хонаҳо ва утоқҳо дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод корҳо пурра анҷом наёфтаанд. Мебоист ин корҳо як сол пеш пурра анҷом меёфтанд», — гуфт раиси вилоят.                     Ҳамчунин қайд гардид, ки ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Зафаробод барои корҳои батартибдарорию номгузории кӯчаҳо ва рақамгузории хонаҳо аз буҷаи маҳаллӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо накарданд ва ин ҳолат барои саривақт ба анҷом иҷро шудани нақшаҳои пешбинишуда монеа эҷод кардааст.                     Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода баҳри бартараф кардани камбудиҳои чойдошта дар назди масъулин вазифаҳои қатъӣ гузошта, ҳамзамон талаб намуд, ки то 25 декабри соли равон тамоми норасоиҳо пурра бартараф карда шаванд.

Декабрь 16, 2009 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад