ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРИИ ПРОКУРАТУРАҲОИ ГЕНЕРАЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ

Декабрь 21, 2009 17:18

                Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Имрӯз, 21 декабр дар Маскав Прокурори генералии Федератсияи Русия Юрий Чайка ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов мулоқот карданд. Дар ҷараёни он Созишномаи нави ҳамкории прокуратураҳои генералии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо карда шуд.                 Созишнома ҳамкории прокуратураҳои генералии ҳар ду мамлакатро дар масъалаҳои таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза ба муқобили ҷиноят, аз ҷумла, ҷинояти муташаккилона, терроризм, ришвахӯрӣ, қочоқи аслиҳа, маводи нашъадор, пешгирии ҷиноят дар соҳаҳои иқтисодиёт, технологияҳои олӣ ва навъҳои дигари ҷиноят, ки ба ҷомеа таҳдид менамоянд, ба ҳамдигар супоридани ҷинояткорон, расондани кӯмаки ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ, такмили маҳорати кормандони мақомоти прокуратура, ба роҳ андохтани ҳамкорӣ дар фаъолияти илмию тадқиқотӣ, дастраси ҳамдигар гардондани санадҳои ҳуқуқию меъёрӣ, адабиёти таълимӣ, асарҳои илмӣ, иваз кардани таҷриба ва ғайраро пешбинӣ менамояд.                       Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ҳамкории мақомоти прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои пешгирии ҷиноят ва мурофиаи судӣ мувофиқи Муоҳидаи расондани кӯмаки ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳамкорӣ доир ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ аз соли 1993 ва протоколи иловагии он аз соли 1997 ба роҳ монда шудааст.                      Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз соли 2008 то моҳи ноябри соли 2009 ба Прокуратураи генералии Русия дар бораи ба Тоҷикистон супоридани ҷинояткорон ё иҷрои ҳукмҳои қабулшуда ва расондани кӯмакҳои ҳуқуқӣ 266 дархост пешниҳод намудааст, аз ин ҷумла 162 дархост иҷро карда шуд.                        Прокуратураи генералии Федератсияи Русия дар ин давра доир ба масъалаҳои гуногун ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон 253 дархост пешниҳод намудааст. Бо назардошти дархостҳои қаблан додашуда аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон 430 дархост иҷро карда шуд.

Декабрь 21, 2009 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад