КӮМАКИ МАМЛАКАТҲОИ ХОРИҶӢ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии омори мамлакат, дар давоми 11 моҳи соли равон 42 мамлакати ҷаҳон ба Тоҷикистон кӯмак расонданд. Маблағи кӯмаки онҳо дар ин муддат 81,8 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод. Дар ин давра, аз ҷумла ба Тоҷикистон бештар аз 83,1 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстона — 30,9 ҳазор тонна орд, 1,6 ҳазор тонна равғани наботӣ ва ба маблағи 30,7 миллион доллари ИМА дору фиристода шуд. Инчунин мамлакат аз хориҷа кӯмакҳои дигари башардӯстона, аз ҷумла, либосу пойафзол, воситаҳои нақлиёт, компютерҳо ва қисмҳои эҳтиётии онҳоро гирифт. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар давоми 11 моҳи гузаштаи соли равон ба Тоҷикистон асосан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Латвия, Олмон, Русия ва Қазоқистон кӯмаки башардӯстона расонданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






