КУШТОРИ БЕРАҲМОНА ДАР ХУҶАНД
Душанбе , 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дар шаҳри Хуҷанд барои ҷустуҷӯ ва фош кардани ҷинояткоре гурӯҳи махсус ташкил дода шуд, ки 7 декабр ба ҷони ду нафар сӯиқасд намуда, як нафарро бераҳмона ба ҳалокат расонида, нафари дигарро сахт маҷрӯҳ кардааст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки субҳи 7 декабр дар маҳаллаи 34 – уми шаҳри Чкаловск ҷасади Дмитрий Чернихи 21 — сола ёфт шуд. Дар ҷасад нишонаҳои марги маҷбурӣ мушоҳида карда мешавад. Қотил ба сар, гардан ва қафаси синаи мақтул бо корд зарбаҳои марговар задааст. Дар ҳамин ҷо Светлана Дюи 23 — сола ёфт шуд, ки сахт маҷрӯҳ гардида буд. Шахси номаълум бо корд ба гардан ва қафаси синаи маҷрӯҳ зарба задааст. Духтари маҷрӯҳ фавран ба шифохона фиристода шуд. Аз рӯи ин воқеаҳо мувофиқи моддаи 104 – и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши он давом дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд






