МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА АНҶОМ ЁФТ

Декабрь 3, 2009 09:56

                  Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Аз вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар мамлакат маъракаи ҷамъоварии пахта ба охир расид.Хабар дода мешавад, ки дар Тоҷикистон то 1 декабр зиёда аз 295 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда шуд. Ин ба 84,4 фоизи нақша баробар аст. Заҳматкашони вилояти Хатлон 197,6 ҳазор тонна, вилояти Суғд 87,1 ҳазор тонна ва ноҳияҳои тобеи марказ 10,6 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварданд.                    Мутахассисони вазорати кишоварзӣ зикр намуданд, ки пахтаи дар саҳро боқимонда бо назардошти вазъи ҳаво ва имконияти хоҷагиҳо ҷамъ оварда мешавад.                    Аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, аз аввали сол ба хориҷи кишвар 63,9 ҳазор тонна нахи пахта бароварда шуд, ки маблағи умумии он 68,8 миллион доллари ИМА — ро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор тонна кам мебошад.                     Имсол нахи пахтаи Тоҷикистонро асосан Русия, Эрон ва Латвия харидорӣ намуданд. Нархи миёнаи 1 тонна нахи пахта нисбат ба моҳҳои январу октябри соли 2008 – ум 260 доллари ИМА коҳиш ёфта, имрӯз 1076 доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.

Декабрь 3, 2009 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад