МАРКАЗИ БАРҚУ ГАРМИДИҲИИ ДУШАНБЕ БА КОР ШУРӮЪ МЕКУНАД
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 2 декабр таҳти раёсати Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов маҷлиси Ҳукумати мамлакат баргузор гардид. Дар маҷлис асосан роҳбарони вазорату идораҳои соҳаи энергетика иштирок доштанд. Иштирокчиёни маҷлис масъалаи ба кор даровардани Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо муҳокима намуданд. Оқил Оқилов ба роҳбарони масъул супориш дод, ки Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо аз 5 декабр ба кор дароварда, аҳолии пойтахтро бо қувваи барқ ва оби гарм таъмин намоянд. Зикр шуд, ки барои як соати кори Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе 8 ҳазор метрии мукааб газ ва 150 тонна мазут сарф мешавад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






