МИНТАҚАҲО БАРОИ ПАРВАРИШИ ЧОРВО МУҚАРРАР ГАРДИДАНД

Декабрь 26, 2009 12:55

                  Душанбе, 26 декабр.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).- Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе зимни баррасӣ барои парвариш ва нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ минтақа¬ҳои дахлдороро муайян намуд. Ин минтақаҳо дар ноҳияи Сино маҳаллаи “Пахтакор”, дар ноҳияи Шоҳмансур маҳаллаи “Бӯстон”, дар ноҳияи Фирдавсӣ маҳаллаи “Машъал” ва дар ноҳияи И.Сомонӣ кӯчаи Телмани маҳаллаи “Сурхоб” муқаррар карда шуд.                    Ҳамзамон, тибқи моддаи 13 Қонуни мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани ин муқаррарот ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.                 Бояд зикр кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 1 январи соли 2010 мавриди амал қарор дода мешавад.   

Декабрь 26, 2009 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад