МУЛОҚОТИ АЛМААТО

Декабрь 9, 2009 16:13

                  Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова) — Имрӯз, дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Мулоқоти ҳаштуми ҷонибдорони Меморандум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи назорат аз болои истеҳсол ва гардиши ғайриқонунӣ, пешгирӣ кардани истифодаи барзиёди маводи мухаддир, маводҳои фалаҷкунандаи асаб ва прекурсорҳо(МОВ) идома ёфт.                 Дар ҷаласаҳои мулоқоти мазкур роҳбарияти Ҷумҳурии Қазоқистон, муовини Котиби генералии СММ, директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноятҳои ба он вобаста Антонио Мария Коста, роҳбарони ниҳодҳои ҳамоҳангсоз ва масъули кишварҳои узви Маркази минтақавии иттилоотӣ (САРИКС): Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Турманистон ва Ӯзбекистон иштирок доранд.                  Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, директори Агентии мубориза бар зидди маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Точикстон генерал-лейтенанти милиса Рустам Назаров низ дар ин ҳамоиш ширкат карданд.

Декабрь 9, 2009 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад