МУЛОҚОТИ САФИР БО ДОНИШҶӮЁН

Декабрь 1, 2009 10:51

                Маскав, 1 декабря. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев ба муносибати иди саиди Қурбон бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот кард, ки дар Донишкадаи мамлакатҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов таҳсил мекунанд.                 А.Достиев донишҷӯёнро ба муносибати иди Қурбон табрик намуда, ба онҳо дар бораи моҳияти ид, таърихи мамлакат, муносибатҳои Тоҷикистону Русия ва саҳифаҳои пуршарафи дӯстии ҷавонони ҳар ду мамлакат сухан ронд. Сафир ба донишҷӯён китобҳо ва қартаҳои компютериро дар бораи Имоми Аъзам тӯҳфа карда, аз ҳаёту фаъолияти адабии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳикояҳои ҷолиб намуд.                   Донишҷӯёни тоҷик ба сафир дар бораи шароити таҳсил, мулоқотҳояшон бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони шаҳри Маскав ва зиёиён хабар доданд. Аз ҷумла, донишҷӯ Денис Нафиқов пешниҳод намуд, ки донишҷӯёни Донишкадаи мамлакатҳои Осиё ва Африқо таҷрибаи забономӯзиро дар Тоҷикистон гузаронанд. Ӯ сафири Тоҷикистон ва кормандони сафорати Тоҷикистонро даъват намуд, ки 9 декабр дар маросими шиносоӣ бо китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» ширкат варзанд.                    Донишҷӯён дар қисмати дуюми мулоқот бо истифодаи санъати меъмории қадима дар бинои сафорат шинос гардиданд. Дар фарҷоми мулоқот ба муносибати иди Қурбон барои донишҷӯён зиёфати идона ороста шуд. 

Декабрь 1, 2009 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд