МУСОБИҚА БАРОИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ҶОМИ КФО

Декабрь 5, 2009 10:48

                   Душанбе , 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 4 декабр дар шаҳри Куала – Лумпури Малайзия тақвими бозиҳои дастаҳои футболи мамлакатҳои қитъаи Осиё барои ба даст овардани Ҷоми имтиёзи Конфедератсияи футболи Осиё баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур аз 16 то 27 феврали соли 2010 дар варзишгоҳҳои «Сугатадаса» ва Коллеҷи шоҳии пойтахти Шри – Ланка — шаҳри Коломбо гузаронида мешавад.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон, Мянма, Шри – Ланка, Бангладеш дар гурӯҳи «А» ва дастаҳои мунтахаби футболи Ҳиндустон, ҶХДК, Туркманистон ва Қирғизистон дар гурӯҳи «Б» ширкат меварзанд.                     Дастае, ки дар ин мусобиқа ҷои аввалро ишғол менамояд, ба мусобиқаи футбол барои ба даст овардани Ҷоми Осиё дар соли 2011 роҳхат мегирад.                   Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон 16 феврал бо дастаи мунтахаби Бангладеш, 18 феврал бо дастаи мунтахаби Шри – Ланка, 20 феврал бо дастаи мунтахаби Мянма қувваозмоӣ хоҳад кард. Қувваозмоиҳои ниманиҳоии мусобиқа 24 феврал ва қувваозмоии хотимавии он 27 феврал баргузор мегарданд.

Декабрь 5, 2009 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд