МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ ДАВОМ ДОРАД
Ханти – Манси, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар кишвари Ханти – Мансии Федератсияи Русия мусобиқаи шоҳмотбозон барои ба даст овардани Ҷоми ҷаҳон давом дорад. Шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов дар ин мусобиқа иштирок дошт ва дар даври дуюми он аз мусобиқа хориҷ гардид. Ф.Амонатов дар даври аввали мусобиқа зимни қувваозмоӣ бо шоҳмотбози Русия ғалаба ба даст оварда, ба даври дуюми он гузашт. Вале кори Ф.Амонатов дар даври дуюми мусобиқа барор нагирифт. Ӯ зимни қувваозмоӣ бо шоҳмотбози исроилӣ Борис Гелфанд мағлуб гардид. Барандаи собиқи Ҷоми шоҳмоти ҷаҳон, варзишгари амрикоӣ Гата Камский низ баъди якранг анҷом ёфтани қувваозмоӣ бо шоҳмотбози филиппинӣ Уэсли Соу мусобиқаро тарк намуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар мусобиқаи мазкур аз 42 мамлакати ҷаҳон 128 шоҳмотбоз иштирок дорад. Барандаи Ҷоми шоҳмоти ҷаҳон 14 декабр маълум хоҳад гашт.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






