НА ҲАМА БО ОБИ ГАРМ ВА ГАРМӢ ТАЪМИН МЕШАВАНД

Декабрь 22, 2009 11:53

                  Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти мудири шӯъбаи коммуналии мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Рустам Иброҳимов, таъмини гармии манзили зисти шаҳрвандон ба кори пурсамари Маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе вобаста аст, ки онро ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» бо сӯзишворӣ ва гази табиӣ таъмин менамояд. Алҳол ин масъала қисман ҳалли худро ёфтааст.                    Ба гуфти сармуҳандиси Маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе Раҳматулло Қаландаров, алҳол ширкати «Барқи тоҷик» Маркази гармидиҳиро ба 14 ҳазор тонна мазут ва қисман бо газ (200 ҳазор метри куба дар як шабонарӯз) таъмин намудааст.                      -Барои бо тамоми иқтидор ба кор даровардани Маркази гармидиҳӣ 60 ҳазор метрии куба газ дар як соат лозим аст. Он чи ки мо дорем, танҳо барои кори яке аз 4 агрегат басандааст, ки бо он қисман ноҳияҳои Шоҳмансур ва И.Сомониро бо гармӣ таъмин карда метавонем,- мегӯяд Раҳматулло Қаландаров.

Декабрь 22, 2009 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад