ПОРАГИР ДАСТГИР ГАРДИД

Декабрь 21, 2009 17:20

                  Душанбе, 21 декабр.( АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов) — Сармутахасиси Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти ш. Душанбе Бобохонов Нуралӣ Сафаралиевич, барои ба ҷавобгарии маъмурӣ накашидан бинобар надоштани иҷозатнома аз шаҳрванд «Ш» бо роҳи тамаъҷӯӣ ба маблағи 500 сомонӣ пора талаб кардааст.                  Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ 24 октябри соли 2009 Бобохонов Н. С. ҳангоми гирифтани пора аз шаҳрванд “Ш” ба маблағи 400 сомонӣ Сарраёсати Агентӣ дастгир карда шуд.                  Тавре аз Шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҳаракатҳои Бобохонов Н.С. аломатҳои ҷиноятии дар моддаи 319 қ.1 КҶ ҶТ пешбинишуда, дида мешавад. Айни ҳол нисбати ӯ чораҳои пешбининамудаи қонунӣ татбиқ шудаанд.  

Декабрь 21, 2009 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад