САҲМИ ҶАВОНОН ДАР СОХТМОНИ НЕРӮГОҲ

Декабрь 15, 2009 11:03

                   Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 14 декабр таҳти раёсати раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов маҷлиси навбатӣ баргузор гардид. Иштирокчиёни маҷлис масъалаи ҷудо кардани маблағро барои сохтмони НБО «Роғун» баррасӣ намуданд.                    Дар маҷлис қарор дода шуд, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ барои идомаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ кӯмаки моддӣ хоҳад расонд.                      Инчунин қарор дода шуд, ки 23 декабр бо иштироки овозхонону мутрибон ва раққосони ҷавон барои коргарони НБО «Роғун» консерти идона намоиш дода шавад. Дар фарҷоми консерт ба коргарони нерӯгоҳ асбобу анҷоми варзишӣ тӯҳфа карда хоҳад шуд.

Декабрь 15, 2009 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад