СУҲБАТИ Э. РАҲМОН БО АЛФРЕДО ЛЕОНИ
02-юми декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Бразилия дар Тоҷикистон Алфредо Леони эътимоднома қабул намуд. Дар сӯҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сафири нав, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили вобаста ба таҳким ва густариши муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Бразилия баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки сарфи назар аз масофаи хеле дур муносибатҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Бразилия ташаккул ёфта, рӯ ба густариш доранд. Баҳри рушди минбаъдаи муносибатҳои судманд ба роҳ мондани робитаҳои пайваста дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ ва муҳайё намудани заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии ҳамкорӣ зарур шумурда шуд. Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






