ТӮҲФАИ ДОНИШҶУЁНИ ДСТР БА КӮДАКИСТОН

Декабрь 30, 2009 15:14

                  Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар баробари дигар табақаҳои ҷомеа донишҷӯён низ бо азму иродаи қавӣ мекӯшанд ба ниёзмандон дасти кӯмак дароз кунанд. Бо ин мақсад, донишҷӯёни факултети таърих ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия дар арафаи Соли Нави мелодӣ ба дастпарварони кӯдакистони «Чорбоғ» зиёфати идона ташкил намуданд.                     Дотсенти кафедраи таърих ва назарияи журналистикаи ДСТР Шариф Муллоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ин иқдом аз ҷониби худи донишҷӯён гирифта шуда, анъанаи хубе дар байни дигар донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ хоҳад шуд.                       Гуфтанист, ки дар баробари зиёфати идона ба ҳар як кӯдак тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим шуда, дар фарҷом баҳри болидахотирии онҳо аз ҷониби донишҷӯён барномаи ҳунарӣ намоиш дода шуд.  

Декабрь 30, 2009 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад