ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ СПИД
Душанбе, 1 декабря. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 1 декабр дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии мубориза ба муқобили бемории СПИД таҷлил карда мешавад. Ин санаи муҳим бори аввал 1 декабри соли 1988 қайд карда шуда буд. Ҳамон сол дар мулоқоти вазирони тандурустии аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон дар бораи паҳн гардидани бемориҳои ВИЧ, СПИД ва ҷустуҷӯи роҳҳои табобати онҳо сухан рафта буд. Дар оғози асри ХХ1 дар саросари ҷаҳон қариб 25 миллион нафар аз бемории СПИД вафот кардааст. Мувофиқи маълумоти СММ, айни ҳол дар саросари ҷаҳон 60 миллион бемори гирифтори ВИЧ зиндагӣ мекунад. Солҳои охир теъдоди беморони аз ин беморӣ вафоткарда ба туфайли андешидани тадбирҳои зарурӣ ва истифодаи доруҳои нав то андозае кам гардид. Беморони аввалини гирифтори ВИЧ ва СПИД дар Тоҷикистон се сол пеш ба қайд гирифта шуда буданд. Соли 2006 дар Тоҷикистон ҳамагӣ чор нафар бемори ВИЧ зиндагӣ мекард. Имрӯз шумораи чунин беморон ба 58 нафар расидааст. Кормандони соҳаи тиб аз суръати баланди паҳншавии беморӣ изҳори ташвиш менамоянд. Сабабҳои асосии паҳн гардидани беморӣ афзоиши шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, зиёд гардидани истеъмоли маводи нашъадор, сирояти беморӣ ва ғайра мебошад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои тақвияти мубориза ба муқобили ин бемориҳои хавфнок тадбирҳои судбахш меандешанд. Дар ҳамаи шаҳрҳои калони мамлакат марказҳои махсуси пешгирӣ ва мубориза ба муқобили ин бемориҳо кушода шудаанд. Беморон метавонанд ба ин марказҳо муроҷиат карда, аз табибон маслиҳат гиранд. Дар ин маврид ном ва суроғаи онҳо махфӣ нигоҳ дошта мешавад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






