ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 22 декабр энергетикҳои Тоҷикистон иди касбии худро таҷлил менамоянд. Рӯзи энергетикҳо 23 майи соли 1966 бо фармони раёсати Шӯрои олии ИҶШС муқаррар карда шуда буд. Рӯзи энергетикҳо иди онҳоест, ки дар бунёди системаҳои энергетикии мамлакат саҳм гузоштаанд. Рӯзи энергетикҳоро ғайр аз Тоҷикистон, инчунин дар Арманистону Белорусия, Қирғизистон, Украина ва Русия ҷашн мегиранд. Мухбири АМИТ «Ховар» зикр менамояд, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои гидроэнергетикӣ дар миқёси ИДМ ҷои дуюм ва дар миқёси ҷаҳон 8 – умро ишғол менамояд. Бояд гуфт, ки тараққиёти соҳаи энергетикаи мамлакати мо ба захираҳои об вобаста мебошанд. Бинобар ин дар мамлакат барномаи сохтмони нерӯгоҳҳои бузург ва хурду миёнаи барқи обӣ ба нақша гирифта ва амалӣ карда мешаванд. Нахустин нерӯгоҳи барқи обии Тоҷикистон НБО «Варзоб» мебошад. Баъдан дар Тоҷикистон силсилаи нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ сохта шуданд. Соли равон дар Тоҷикистон НБО «Сангтӯда – 1» ба истифода дода шуд ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли барқи 500 — киловаттаи «Ҷануб – Шимол» ба охир расид. Айни ҳол дар Тоҷикистон сохтмони НБО «Роғун» давом дорад, ки бо анҷоми сохтмони он бояд истиқлолияти энергетикии мамлакат таъмин карда шавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






