ТАШКИЛИ КУМИТАИ ФАВҚУЛОДДАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МУҲОҶИРОН
17 ноябр дар шаҳри Маскав ба истилоҳ «анҷумани ғайринавбатии» Созмони ҷамъиятии «Коргарони муҳоҷири Тоҷикистон» — и саросари Русия баргузор гардид. Анҷумани мазкур танҳо бо ташаббуси раиси Созмон Каромат Бақоевич Шарифов гузаронида шуд. Ҳадафи асосии К.Шарифов аз гузаронидани анҷуман аз Шӯрои ҳамоҳангсоз ва Комиссияи назоратию тафтишотӣ дур намудани аъзои номатлуби созмон мебошад. Гуфтан мумкин аст, ки К.Шарифов ба мақсади худ то андозае ноил гардид. Вале анҷумани таҳти раёсати К.Шарифов гузаронидаро анҷуман номидан мумкин нест ва он комилан ғайриқонунӣ мебошад. Зеро аз 42 нафар аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз, ки дар анҷумани муассисони созмон 10 ноябри соли 2007 интихоб шуда буданд ва мувофиқи Оиннома ҳуқуқ доштанд, ки ҳамчун вакил дар анҷуман иштирок намоянд, ҳамагӣ 5 – 6 нафар ҳузур доштанду халос. Қ.Шарифов ва тарафдоронаш қарор додаанд, ки вакилони дигарро «ташвиш» надиҳанд. Шӯрои ҳамоҳангсоз дар масъалаи даъвати анҷумани ғайринавбатӣ ягон маҷлис нагузаронидааст. Инчунин меъёри намояндагии шӯъбаҳои минтақавии созмон муайян карда нашудаанд. Барои интихоби вакилони анҷумани ғайринавбатӣ низ ягон ҷамъомад баргузор нагардидааст. Ёдовар мешавем, ки мувофиқи Оинномаи созмон, даъвати анҷуман ва муайян кардани меъёри намояндагии шӯъбаҳои минтақавии созмон ҳуқуқи дахолатнопазири Шӯрои ҳамоҳангсоз мебошад. Бо назардошти ҳамаи ин, инчунин кӯшишҳои сершумори К.Шарифов дар бобати намояндагии худсарона аз номи коргарони муҳоҷири Тоҷикистон ва Созмони ҷамъиятии «Коргарони муҳоҷири Тоҷикистон», дағалона ва такроран риоя накардани қонунҳои Федератсияи Русия ва Оинномаи созмон муассисони он, вакилони анҷумани нахустини муассисон, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз ва Комиссияи назоратию тафтишоти созмон бо мақсади ташкили Кумитаи фавқулоддаи ҳифзи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири Тоҷикистон аз худсариҳои К.Шарифов Гурӯҳи ташаббускор созмон доданд. Маҷлиси гурӯҳи ташаббускорро барои ташкили Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири Тоҷикистон аз худсариҳои К.Шарифов Роҳбари маркази дастгирии ташаббусҳои ҷамъиятӣ ва раиси анҷумани муассисон Валерий Георгиевич Габисов кушод. Вазифаҳои асосии кумита барқарор сохтани руҳия ва мақоми анҷумани нахустини созмон, ошкор сохтани ҳамаи ҳодисаҳои риоя нашудани Оинномаи созмон, ки дар анҷумани нахустини он қабул шуда буд, ғайриқонунӣ эътироф намудани ҷамъомади 17 ноябри соли 2009 баргузоргардида, ки таҳти унвони анҷумани дуюми Созмони «Коргарони муҳоҷири Тоҷикистон» гузаронида шуд, мебошанд. Гурӯҳи ташаббускор низомномаи фаъолияти Кумитаи фавқулоддаи ҳифзи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири Тоҷикистонро аз худсариҳои Каромат Шарифов тасдиқ намуд. Ҳайати роҳбарикунанудаи кумита аз ҷумлаи панҷ нафар таъин гардид. Бо мақсади барқарор сохтани руҳия ва мақоми анҷумани нахустини созмон Мавҷигул Акобировна Ибодуллоева раиси Кумитаи фавқулодда интихоб шуд. Бояд гуфт, ки вай дар анҷумани нахустини созмон, ки 10 ноябри соли 2007 баргузор гардида буд, ба вазифаи раиси созмон номзад пешбарӣ шуда буд. Вале ӯ баъдан аз номзадии худ даст кашид. Дар натиҷа Каромат Шарифов раиси созмон интихоб шуд. Тибқи пешниҳоди раиси Кумитаи фавқулодда Ибодуллоева М.А. рӯзҳои наздик дар бораи фаъолияти Кумита маълумот пахш карда мешавад. АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд






