ТО ҶАШНИ ВАҲДАТ — 135 ИНШООТ
Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли 2010 Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Бадахшон таҷлил мегардад. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии мардуми Бадахшон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Танҳо дар давоми солҳои 2008 – 2010 барои бунёди биною иншоотҳои нав 136 млн. сомонӣ ҷудо карда шудааст. Азнавсозии беморхонаи вилоятӣ, меҳмонхонаи замонавӣ дар Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим барои 50 нафар, Кохи Фарҳанг дар маркази вилоят, ду варзишгоҳ дар ноҳияҳои Ванҷу Роштқалъа, филиали «Ориёнбонк» дар ноҳияи Дарвоз, терминали замонавӣ дар ноҳияи Шуғнон, даҳҳо мағозаю марказҳои савдо аз рӯйхати нотамоми иншооти нав дар вилоят аст,ки бо кӯмаки Ҳукумати ҷумҳурӣ сохта мешаванд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






