ТОҶИКОНИ СОКИНИ РУСИЯ САҲМИЯҲОИ РОҒУНРО МЕХАРАНД
Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Котиби матбуоти намояндагии вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Дилбар Хоҷаева ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки рӯзҳои истироҳати гузашта дар шаҳри Краснодар мулоқоти раиси Иттифоқи тоҷикистониёни Русия Абдулло Давлатов, раиси Созмони ҷамъиятии мусоидат ба барқарор сохтани фарҳанги миллатҳои Осиёи Марказӣ дар вишвари Краснодар Нағзибек Нағзибеков, раисони ҷамиятҳои тоҷикони вилоятҳои Адигей ва Иркутск Муҳибхон Зарифов, Пирмаҳмад Гулов ва корманди намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Федератсияи Русия А.Фаттоев бо тоҷиконе баргузор гардид, ки айни ҳол дар кишвари Краснодар кору зиндагӣ мекунанд. Иштирокчиёни мулоқот ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи харидани саҳмияҳои НБО «Роғун» якдилона дастгирӣ намуданд. Кормандони намояндагии ВКД Тоҷикистон дар шаҳрҳои Новосибирск ва Қазон низ чунин мулоқотҳо ташкил намуданд. Намояндаи созмонҳои тоҷикон дар Округи федералии Сибир Раҳимбек Наботов хабар дод, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар вилояти Иркутск қарор додаанд, саҳмияҳои Роғунро ба маблағи сад ҳазор доллари ИМА харанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки корхонаи воҳиди давлатии «Муассисаи роҳҳои оҳани Тоҷикистон» низ тайёр аст ба маблағи 10 миллион доллари ИМА саҳмияҳои Роғунро харидорӣ кунад. Дар ин бора муовини аввали раиси корхонаи мазкур Владимир Собкалов хабар дод. В.Собкалов зикр намуд, ки аллакай барои сохтмони НБО «Роғун» аз ҳисоби даромади корхона як миллион сомонӣ гузаронида шуд. Роҳбарият ва кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Муассисаи роҳҳои оҳани Тоҷикистон» зарурати сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ба хубӣ дарк менамоянд ва тайёранд дар сохтмони он то ҳадди имкон саҳм гузоранд, гуфт В.Собкалов.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






