ТО СОЛИ 2012 ФАЗОИ ЯГОНАИ ИҚТИСОДӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

Декабрь 21, 2009 10:40

                19-20 декабри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони ҳафт кишвари аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат намуд.                   Дар ин мулоқот сарварони Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Туркманистон, Федератсияи Русия ва Қазоқистону Қирғизистон ҳузур доштанд.                    Дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои мазкур, ки дар мавзеи Оқбулоқи наздикии шаҳри Алмаато баргузор гашт, як қатор масоили мубрам аз рӯзномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисоди Авруосиё ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуд.                     Федератсияи Русия ва ҷумҳуриҳои Беларусу Қазоқистон як теъдод асноди заруриро ба имзо расонда, тасмими худро оид ба фаъол намудани Иттиҳоди гумрукии ин се давлат аз 1-уми январи соли 2010 эълом доштанд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки кишварҳои мазкур аз оғози соли 2012 – ум Фазои ягонаи иқтисодӣ барпо хоҳад намуд. Таъкид гардид, ки дигар кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё низ бо мурури замон метавонанд ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ ҳамроҳ шаванд.                    Аснои баррасии мавзӯоти минтақавию байналмилалӣ сарони давлатҳо таъкид доштанд, ки Афғонистон ҳанӯз ба мусоидат ва пуштибонии ҳамаҷонибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёзманд аст. «дар чунин вазъият, — иброз дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, — мо бояд мавқеи фаъолтар дошта бошем, то тавонем вазъи Афғонистонро бо назардошти манфиатҳои умумиамон беҳбуд бахшем. Ҳамоҳанг намудани мавқеъҳои кишварҳои мо ва дар арсаи байналмилалӣ фаъол намудани он метавонад асоси чунин амалиёти якҷоя бошад», — афзуд Эмомалӣ Раҳмон.                   Баррасии баъзе масоили вобаста ба вазъи имрӯзаи минтақаи Осиёи Марказӣ низ аз мавзӯоти мулоқоти ғайрирасмӣ буд.                    Сарони давлатҳои номбурда раёсати Ҷумҳурии Қазоқистонро дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар соли 2010 – ум пуштибонӣ намуда, омодагии худро баҳри мусоидат дар таҳияи рӯзномаи корӣ ва ташкили фаъолияти ин созмон дар давраи раёсати Қазоқистон таъкид намуданд.                      Дар ин бора да АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.   

Декабрь 21, 2009 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад