1,5 МЛН. ЕВРО ТОҶИКИСТОН ПЕШПАРДОХТ КАРДААСТ

Январь 22, 2010 16:49

                   Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Дар фаъолияти КВД «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» риштаи молиявию хоҷагӣ ҷанбаи басо муҳим ба шумор меравад. Маълумотҳои фаврии соли 2009 нишон медиҳанд, ки фоидаи умумии фурӯдгоҳ дар ин давра беш аз 67 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ба буҷети ҷумҳурӣ дар ин давра 26,9 миллион сомонӣ маблағ гузаронида шудааст, чунин қайд кард дар нишасти матбуотӣ, муовини аввали директори генералии КВД «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» Азиз Иброҳимов.                     Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар ҳудуди КВД «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе бо мақсади пурзӯр кардани амнияти авиатсионӣ сохтмони бунгоҳи назорати гузаргоҳӣ (БНГ) барои аз муоина гузаронидани кормандони фурӯдгоҳ, ҳайати сарнишинони (экипажи) тайёраҳо, ҳамчунин кормандони вазорату идораҳо анҷом ёфт. Вуруд ба ҳудуди «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» тибқи талаботи стандартҳои байналхалқии амнияти авиатсионӣ тавассути насбсозии таҷҳизоти нав (васоити муоина, системаи мушоҳидаю сабти видеоӣ, алоқаи радиотелефонӣ) сурат мегирад.                        Бояд қайд кард, ки байни Ҳукумати Франсия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони терминали нави байналхaлқии фурӯдгоҳ, протокол ба имзо расидааст. Арзиши сохтмон 27 миллион евроро ташкил медиҳад, ки аз ин 20 млн. евро — саҳми ҷониби Франсия, 7 млн. евро — саҳми ҷониби Тоҷикистон мебошад. Айни ҳол ҷониби Тоҷикистон ба сохтмон 1.5 млн. евро пешпардохт кардааст.                        Аз ҷумлаи вазифаҳои дар соли 2010 дар назди корхона истода инҳоро метавон номбар кард, диверсификатсияи хизматрасониҳои фурӯдгоҳ, гузаштан ба низоми буҷети фасеҳу пешгӯишаванда, банизомдарории идоракунии корхона, баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии рӯизаминӣ, такмили маҳорати касбии кормандони фурӯдгоҳ, мустаҳкам намудани системаи бехатарӣ бобати пешгирии вуруди бемориҳои махсусан вазнини сирояткунанда ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, — чунин қайд кард А.Иброҳимов.

Январь 22, 2010 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шаҳринав толори хурди варзишии футбол ба истифода дода шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад
Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст