ҲУҶРАИ ДИРЕКТОРРО КӢ ОТАШ ЗАД?
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Дар дафтари кории директори мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 3 Қудратулло Қосимов, воқеъ дар кӯчаи Ш. Юсупов шаҳри Нораки вилояти Хатлон, сӯхтор ба амал омад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ майор Кароматулло Абдуллоев иттилоъ дод, алангаи оташ дар масоҳати 10 метри мураббаъ тамоми молу амволи дар дафтари корӣ бударо пурра нобуд сохт. Зарари аз сӯхтор ба амал омада маблағи 2000 сомониро дарбар мегирад. Сабаб ва гунаҳкори сӯхтор муайян карда мешавад.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






