19 НАФАР ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ ЗУКОМИ ХУК

Январь 8, 2010 16:23

                Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — То кунун дар Тоҷикистон 19 нафар гирифтори бемории зукоми хук сабт шудааст, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ.                 Қаблан шумораи чунин беморон 14 нафар эълон шуда буд. Бино бар маълумоти манбаъ бо дастгирии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон 50 ҳазор дона ваксина барои табобати ин беморӣ ворид шудааст.                  Ҳамаи беморон таҳти назорати табибон қарор дошта, ҷараёни табобати онҳо мӯътадил ҷараён гирифта истодааст. Коршинос Наврӯз Ҷаъфаров бар он ақида аст, ки ҳоҷат ба воҳима нест ва ҷумҳурӣ қудрат дорад, ки гирифторони ин бемориро табобат намояд.

Январь 8, 2010 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад