200 ҲАЗОР СОМОНӢ БАРҚАРОР КАРДА ШУД
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кормандони шӯъбаи минтақавии Агентии мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар ноҳияи Рашт дар вақти гузаронидани корҳои фаврӣ муайян намуданд, ки мудири шӯъбаи рақами 2 — и «Амонатбонк» — и ноҳияи Тавилдара дар давоми солҳои 2008 – 2009 бо истифода аз ваколатҳои хизматиаш бо роҳи тартиб додани парвандаҳои қарзии қалбакӣ 200 ҳазор сомониро тасарруф намуда, барои эҳтиёҷоти шахсиаш истифода намудааст. Дар натиҷаи санҷиш 200 ҳазор сомонӣ ба буҷаи давлат гузаронида шуда, нисбати М.Г. Сафаров аз рӯи аломатҳои ҷинояти дар моддаи 245 қ.4 банди «б» (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) – и Кодекси ҶҶТ пешбинишуда, парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






