50 ҲАЗОРУ 700 СОМОНӢ САФОРАТИ ҶТ ДАР ҶИП САҲМИЯ ХАРИДОРӢ НАМУД

Январь 8, 2010 17:17

                 Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — 7 январи соли равон ҳамдиёрони тоҷикистонии сокини шаҳри Исломобод дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷамъ омаданд. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар Зубайдулло Зубайдов бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Исломии Покистон вохӯрд.                   Дар ҷараёнӣ вохӯрӣ сафир роҷеъ ба мавзӯи барориши саҳмияҳои НОБ-и Роғун ва оғози харидории онҳо аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон сӯҳбат намуд.                   Ба онҳо пеш аз ҳама оиди муроҷиатномаи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба халқи Тоҷикистон барои саҳмгузорӣ дар сохтмони НБО-и Роғун ва ҳамовозии бузург пайдо кардани баромади Президент аз ҷониби шаҳрвандон маълумот дода шуд.                   Ҳамзамон барои ҳамдиёрон барномаи махсуси телевизиони Тоҷикистон ба таври мустақим пахш карда шуд, ки он аз рафти маъракаи бузурги харидории саҳмияҳои НБО-и Роғун дар тамоми гӯшаю канори Ватан маълумоти зинда пешкаши иштирокчиёни ҷаласа карданд. Баъдан Сафир З. Зубайдов дар ҷараёни суханронии худ ба таври мухтасар дар бораи нақш ва аҳамияти сохтмони НБО-и Роғун барои ояндаи халқ, иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва ҳаёти тоҷикистониён, шарҳу тавзеҳот дод.                    Дар мулоқот шаҳрвандони тоҷики бурунмарзӣ иброз намуданд, ки онҳо ҳамчун тоҷикони ҳақиқӣ ва ватандӯсту ватанпараст омода ҳастанд, ки барои сохтмони ин иншооти барои Ватан ва халқ ҳаётан муҳим саҳми худро гузоранд.                   Дар натиҷа, 7 январ аз ҷониби шаҳрвандони тоҷики муқими шаҳри Исломобод ба миқдори 7 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ гардид. Ҳамдиёрони дигари мо, ки дар шаҳрҳои гуногуни Покистон кору таҳсил менамоянд, аз ин маъракаи бузург огоҳ гардида, ба Сафорат иттилоъ доданд, ки онҳо низ омода ҳастанд саҳмия бихаранд ва дар сохтмони НБО-и Роғун саҳмгузор бошанд. Ҷараёни харидории саҳмияҳо идома дорад.                     Инчунин бояд қайд кард, ки аз ҷониби кормандони Сафорат ба миқдори 43 ҳазору 700 сомонӣ маблағ барои харидорӣ кардани саҳмияҳо ҷамъ карда шуд.                     Дар маҷмӯъ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 50 ҳазору 700 сомонӣ саҳмияҳо харидорӣ намуд. 

Январь 8, 2010 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад