А.АБДУМАННОНОВ: «БАРНОМАҲОИ АСИЛ НАДОРЕМ»
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов) — «Дар ҳақиқат, ҳангоми баррасии мавзӯи бунёди НБО «Роғун» ҳайати эҷодии телевизиони тоҷик аз ҳадди маъмулӣ берун мешаванд, ки ин дар навбати худ барномаҳоро дилбазан мекунад, бинобар ҳамин муносибат ба таҳияи барномаҳоро бояд тағийр дод», — гуфт муовини аввали Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдуманнонов. Имрӯз дар толори Хонаи Радио бо иштироки роҳбарият, мутассаддиён, сармуҳаррирон ва мудирони шӯъбаҳои эҷодии Кумитаи давлатии телевизион ва радио барои хабарнигорони хориҷиву ватанӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи мазкур дар соли 2009 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ: «Чаро дар филми «Қавлу амал», ки рӯзҳои 2-5 январи соли ҷорӣ намоиш дода шуд боз ҳам наворҳои ҳодисаҳои даҳшатбори соли 1992 истифода шуданд?», А.Абдуманнонов посух дод, ки мо наметавонем таърихро дигар кунем, он чизеро намоиш медиҳем, ки воқеъ шудаву сабт гардидааст ва ҳарчанд наворҳои филм ба гурӯҳе маъқул нашуда бошад, мактубҳои зиёде низ дар бораи такроран намоиш додани филм ба дасти мо расидаанд». «Мутаассифона, рӯзноманигорон гумон мекунанд, Кумитаи телевизион ва радио барои фаъолият кардани радио ва телевизионҳои хусусӣ ба таври сунъӣ монеа мегузошта бошад. Барои гирифтани иҷозатнома шарт ва талабҳои муайян пеш гузошта мешаванд, аз ҷумла, бояд муассиси радио ва телевизиони хусусӣ шаҳрванди Тоҷикистон бошад, ягон ташкилоту созмони хориҷӣ ва шахсони инфиродӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ҳуқуқи маблағгузории радио ва телевизионҳои хусусиро надоранд. Ҳамчунин таҷҳизоти техникие, ки радио ва телевизионҳои ғайридавлатӣ истифода бурданӣ ҳастанд, бояд замонавӣ, муосир бошанд, маълумотҳо дар бораи аз куҷо харидорӣ шудани онҳо пешниҳод карда шавад, қароргоҳи радио ва телевизион ба талаботҳои муқаррарӣ ҷавобгӯ бошанд. Ин шарт ва талабҳоро на Кумитаи телевизион ва радио, балки қонунгузории ҷумҳурӣ муайян кардааст». «Барномаи телевизиони Якуми Русия (собиқ ОРТ) барои фаъолият кардан дар ҳудуди Тоҷикистон иҷозатнома надорад, онҳо метавонанд танҳо дар ҳудуди пойгоҳи низомии 201 барои хизматчиёни худ барнома пахш кунанду халос. Ба ин масъала обуранги сиёсӣ додан нашояд». Ба суоли мухбири АМИТ «Ховар», ки чаро Шабакаи аввал ва телевизони Сафина мисли дигар шабакаҳои телевизионии ҷаҳонӣ ба таври шабонарӯзӣ барнома пахш намекунанд, А.Абдуманнонов ҷавоб доданд, ки агар имкониятҳои техникӣ ва молӣ аз як тараф сабаби таҳия нашудани барномаҳои шабонарӯзӣ бошанд, ҳунар ва маҳорати ками ҳайати эҷодӣ сабаби дигари пахш нашудани барномаҳои шабонарӯзӣ мебошад. «Телерадиожурналистони имрӯза ҷидду ҷаҳд ва саъйу кӯшиш барои боло бурдани сатҳи касбии худ намекунанд. Бинобар ҳамин барномаҳои асил таҳия ва пешкаши бинандагон намешаванд. Мо метавонем, бо филмҳо ва консертҳо пахши барномаҳои шабонарӯзиро ба роҳ монем, аммо ба ин ҳоҷат нест», гуфт А.Абдуманнонов.








«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид






