АРЗОНТАРИН ЯРМАРКА ДАР РОҒУН
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори Раёсати сиёсати иқтисодӣ ва ояндабинии Вазорати кишоварзӣ С. Маҳмадиев, кормандони вазорати мазкур барои гузаронидани ярмаркаи навбатӣ тайёрӣ мебинанд. Ба гуфти иштирокчиёни ярмаркаи солинавӣ, арзонтарин ярмарка дар соли 2009 ярмаркаи Вазорати кишоварзӣ будааст, ки 31 –уми декабри соли 2009 дар шаҳри Роғун доир гардида буд. — Мо чунин ярмакаро, ки барои коргарони нерӯгоҳи барқи обӣ ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ дар шаҳри Роғун аз ҷониби муттасадиёни Вазорати кишоварзӣ доир гардид, дар фасли тобистон ҳам надида будем, — иброз дошт кафшергар Шодӣ Давлатёрови ваҳдатӣ, ки дар ин иншооти бузург кору фаъолият дорад. — Мо аз ярмака гӯштро бо нархи 12 сомонӣ, картошкаро бо нархи 60 дирам, карам- 40, сабзӣ-30, турб-30, каду -40 ва шалғамро 20 дирам, мевагиро на зиёда аз 2 сомонӣ харидорӣ намудем, аз ҳама муҳимаш, як халта ордро бо нархи на зиёда аз 65 сомонӣ аз ярмаркаи солинавӣ ташкил кардаи вазорат харидорӣ намудем, барои ҳамаи онҳое, ки бароямон чунин шароитро муҳайё сохтаанд ҳазорон ташаккур, — гуфт сардори нақбканон Фозил Ҳайдаров ба мухбириАМИТ «Ховар».








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






