БЕҲТАРИН МАВОД ДАР МАВЗӮИ СПИД МУАЙЯН ШУД

Январь 8, 2010 14:39

                  Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Дар Маркази мубориза бар зидди бемориҳои СПИД озмуни кормандони васоити ахбори омма барои беҳтарин мавод дар мавзӯи ВИЧ/СПИД, ки бахшида ба 1 декабр — Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи СПИД эълон гардида буд, ҷамъбаст гардид.                     Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» директори маркази мазкур Муродалӣ Рӯзиев зикр намуд, барои беҳтарин барномаи телевизионӣ 4 нафар, барномаи радио – 2 нафар ва аз васоити электронии ахбор (сомонаҳои интернетӣ) — 2 нафар мавод пешниҳод карда буданд.                      Комиссияи махсус, ки аз ҷониби Маркази мубориза бар зидди бемориҳои СПИД созмон дода шуда буд, натиҷаҳоро ҷамъбаст намуд. Дар байни барномаҳои телевизионӣ ҷои аввал ба Сайфулло Салимов, муҳаррири телевизиони «Шабакаи аввал» барои барномаи «Таъкид», ҷои дуввум ба барномаи «Мадади Сино», барномаҳои радио – мақоми аввал ба корманди радиои Тоҷикистон Идигули Раҷаб барои радиовикторина дар мавзӯи СПИД, мақоми дуввум ба корманди радиои «Имрӯз» Аброр Нозилов барои гузориш дар мавзӯи СПИД сазовор дониста шуд. Мақоми аввал ва дуввумро дар байни маводҳои интернетӣ корманди хабаргузории иттилоотии «АзияПлюс» Мавҷуда Ҳасанова барои силсилагузоришҳо оид ба мавзӯи ВИЧ/СПИД ва корманди рӯзномаи «Пайкон» Аҳлиддини Салимпур барои мақолаи «Ислом СПИД-ро аз байн мебарад» бо ҳам диданд.  

Январь 8, 2010 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад