БЕШ АЗ 2 МЛН. НАФАР АҲОЛӢ БА КОР ФАРО ГИРИФТА ШУД
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Кумитаи давлатии омор ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар соли 2009 шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол (аҳолии машғули кор ва бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда) аз рӯи ҳисоби пешакӣ дар 11 моҳи соли 2009 2 млн. 148 ҳазору 900 нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 2103,6 ҳазор нафар (97,9 фоиз) дар соҳаи иқтисодиёт машғуланд ва 45,3 ҳазор нафар расмӣ мақоми бекорро гирифтаанд, ки 2,1 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии аҳолии ба кор машғул, шумораи дар рӯйхат – будаи кироякорон дар корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликият 1млн. 52,9 ҳазор нафар ё ки 50,1 фоизи шумораи умумии аҳолии ба кор машғулро ташкил дод.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






