CАЙДАЛИЕВ БА ДАСТ АФТОД

Январь 6, 2010 11:12

                 Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз шӯъбаи пешгирии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ба Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон шаҳрванд «Ш» бо ариза дар бораи талаби ғайриқонунии директори омӯзишгоҳи касбӣ — техники рақами 23 – и ноҳияи Шаҳритус Шодибек Сайдалиев оид ба ивази 500 сомонӣ додани шаҳодатномаи ронандагӣ дараҷаи «В . С» қабул карда шуда, гурӯҳи оперативӣ — ҷустуҷӯиро барои санҷиши аризаи мазкур омода сохтанд. 13 – уми ноябри соли 2009 гурӯҳи оперативӣ — ҷустуҷӯӣ вориди омӯзишгоҳи номбурда гардида, директории омӯзишгоҳро ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 500 сомонӣ дастгир намуданд ва ҳамчун далели шайъӣ аз кисаи шими ӯ ин маблағ гирифта шуд.                  Дар ҳаракатҳои Ш. Сайдалиев аломатҳои ҷиноятии дар моддаҳои 32 қ.3 (ҷинояти нотамом ва хотимаёфта) ва 319 қ .1 — (гирифтани пора) – и КҶҶТ пешбинишуда, дида мешавад. Кормандони Агентӣ ин қазияро тафтиш мебаранд.

Январь 6, 2010 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад