ДАРОМАДИ «АМОНАТБОНК» МЕАФЗОЯД

Январь 15, 2010 10:21

                 Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раиси Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов 14 январ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки маблағи дороии умумии бонк то 1 январи соли 2010 – ум 112,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 — ум 5,4 фоиз зиёд мебошад.                   Ба қавли раиси бонк, соли гузашта аз ҷониби вазорати молияи ҷумҳурӣ маблағи дороии ибтидоии бонк ба маблағи 4 миллион сомонӣ зиёд карда шуд. Маблағи дар муомилот будаи бонк соли 2009 нисбат ба соли 2008 — ум 35,3 фоиз афзуда, то 1 январи соли 2010 — ум 650,5 миллион сомониро ташкил дод. Маблағи даромади софи бонк то 1 январи соли 2010 ба 6,2 миллион сомонӣ расид.                  М.Маҳмадаминов афзуд, ки «Амонатбонк» айни ҳол ба 3 ҳазору 962 муассисаи буҷетӣ, 519 ҳазору 413 нафақахӯр дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, 16 ҳазору 480 нафақахӯр дар мақомоти муҳофизи қонун ва 79 ҳазор мизоҷони худ хизмат мерасонад. Айни ҳол дар минтақаҳои гуногуни мамлакат 5 филиал, 70 шӯъба ва 506 агентии «Амонатбонк» фаъолият доранд, ки дар онҳо 592 нафар кор мекунад, гуфт дар хотима М.Маҳмадаминов. 

Январь 15, 2010 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад