ДУШАНБЕГИҲО ДАР ЧАНД СОМОНӢ САҲМИЯ ХАРИДАНД?

Январь 8, 2010 15:15

                 Душанбе, 8 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Душанбегиҳо дар Рӯзи ҳамрайъии сокинони пойтахт дар бунёди НБО-и «Роғун»”, ки 6 январи соли 2010 таҷлил шуд, ба маблағи беш аз 80 миллион сомонӣ саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии НБО «Роғун»-ро харидорӣ карданд.                   Аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳр ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин рақам бо дарназардошти дақиқ намудани суратҳисобҳои бонкӣ пайваста дар афзоиш буда, имрӯзҳо саҳмгузории сокинони пойтахт дар ин маъракаи муҳими давлатӣ тибқи нақшаи шаҳрдорӣ ба таври муташаккилона идома дорад.                     Бояд зикр кард, ки 6 январ дар чор маҳали шаҳр -ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ – Маркази равобити пойтахт, Фирдавсӣ — бинои Сирки давлатӣ, Шоҳмансур – Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва Сино – Қасри Филармонияи давлатӣ ба таври оммавӣ нуқтаҳои фурӯши саҳмияҳои ин иншооти муҳими аср ташкил гардида буд ва дар он беш аз 30 ҳазор оилаҳои шаҳри Душанбе ширкат намуда, саҳмияҳо дастрас карданд.    

Январь 8, 2010 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад