ФАЪОЛИЯТИ ФИЛИАЛИ ДДМ ВУСЪАТ МЕЁБАД

Январь 6, 2010 14:13

                  Душанбе, 6 января. (АМИТ «Ховар», Луюдмила Дубинина). — Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе рӯзҳои наздик аз Маркази миллии патентии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба бинои Донишкадаи собиқи нақлиёт мекӯчад. Синфхонаҳои бинои мазкур бо асбобу анҷоми навтарини техникӣ, алоқа ва иттилоотӣ таҷҳизонида шудаанд.                   Иҷрокунандаи вазифаи директори филиали ДДМ Ҳайдар Одинаев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки барои бинои нави донишгоҳ синфхонаҳои махсуси забономӯзӣ, компютерӣ, озмоишгоҳҳо ва матбааи алоҳида муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Филиали ДДМ фаъолияти худро тадриҷан вусъат хоҳад дод, дар он факултаҳои нав кушода мешаванд. Ҳукумати Тоҷикистон ва маъмурияти ДДМ ба номи Ломоносов паймон кардаанд, ки соли таҳсили 2010 – 2011 дар филиали донишгоҳ факултаҳои нави геология, идораи давлатии мунисипиалӣ ва лингвистика кушода шаванд. Ба ин факултаҳо соли аввал 110 нафар қабул карда мешаванд.                   70 фоизи омӯзгорони филиали донишгоҳ аз Маскав даъват карда, 30 фоизи онҳо аз Тоҷикистон интихоб карда мешаванд. Барои омӯзгорони мусофир дар бинои нави донишгоҳ барои истиқомати муваққатӣ ҳуҷраҳои алоҳида ҷудо карда шудаанд. Дар заминаи Литсеи президентӣ барои донишҷӯёни ояндаи ДДМ курсҳои тайёрӣ кушода мешаванд, гуфт Ҳайдар Одинаев.

Январь 6, 2010 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад