ФАВТИ МОДАРОН КАМ МЕГАРДАД
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Нишондоди фавти модарон дар соли 2009 ба 34, 2 нисбати 100 000 зиндатаваллуд баробар шудааст. Дар ҳамин давраи соли 2008 ин нишондиҳанда ба 38,8 баробар буда, ки нисбатан паст гаштааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустии мамлакат иттилоъ доданд. Бо мақсади пурқувват намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои табобатии кӯдакона ва таваллудхонаҳо ва истифодаи самараноки таҷҳизотҳои тиббӣ, бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ ва Хазинаи аҳолии СММ ин муассисаҳо ба маблағи зиёда аз 3 миллион доллари ИМА таъмин гардидаанд. Боиси қайд аст, ки аз 69 муассисаҳои тиббие, ки ба модарон ва кӯдакон хизмати тиббӣ мерасонанд, 47-тои онҳо, ки 61,1%-ро ташкил медиҳад, дорои сертификати умумиҷаҳонии «Беморхонахои муносибати некбинона ба атфол» буда, дар боқимонда муассисаҳо воридсозии тавсияҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ ба навзодон идома дорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






