ФУРӮШИ САҲМИЯҲОИ «НБО РОҒУН»
Ноҳияи Б.Ғафуров, 8 январ.(АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов).- Дар толори маҷлисгоҳи ҳукумат оиди фурӯши саҳмияҳои «НБО Роғун» ҷаласа – машварат баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро раиси ноҳия Лутфулло Муҳидинов баён намуда иброз дошт, ки шаҳрвандони ноҳия оиди бунёди ин иншооти бузург саҳмдор мебошанд. Мудири шӯъбаи ташкилии дастгоҳи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрор Латипов, муовини раиси вилоят Давлаталӣ Гулмаҳмадов ба сухан баромада оиди аҳамияти фурӯши сахмияҳо ҳарф заданд. Сардори «Амонатбонк» Зарифҷон Ҷӯраев, сардори идораи молияи ноҳия Зафар Ҳодибоев маълумот доданд, ки дар 12 ҷамоатҳои ноҳия 16 нуктаи фурӯши саҳмияҳоро таъмин намудаанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






