ГУРӮҲҲОИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТКОР БАРҲАМ ДОДА ШУДАНД

Январь 21, 2010 11:21

                  Хуҷанд, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Сардори шӯъбаи тафтишоти фаврии Раёсати назорати маводи нашъадори вилояти Суғд Мирзоравшан Қутбиддинов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки кормандони раёсат дар давоми соли 2009 — ум 12 гурӯҳи муташаккили ҷинояткорро ошкор намуда ва барҳам доданд. Гурӯҳҳои мазкур ҳамагӣ 39 нафар аъзо дошта, ба хариду фурӯши маводи нашъадор машғул буданд.                   Кормандони раёсат соли гузашта 177 килограмму 349 грамм маводи нашъадор, аз ҷумла 161 килограмму 72 грамм героинро мусодира карданд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки соли гузашта дар вилояти Суғд 257 ҷинояти вобаста ба хариду фурӯши маводи нашъадор содир карда шуд. Кормандони мақомоти муҳофизи қонуну тартибот дар ин давра қариб 636 килограмм маводи нашъадор, аз ҷумла, 340 килограмм героинро мусодира карданд.

Январь 21, 2010 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд