ХАРИДИ САҲМИЯҲО ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Январь 13, 2010 11:55

                   Суғд, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-Бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ва дастгирии донишгоҳи олӣ ва миёнаи махсуси вилоят, ҷиҳати татбиқи муроҷиатномаи Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади ҷалби ҷавонон ба гирифтани саҳмияҳои НБО «Роғун» дирӯз аз ҳайкали Исмоили Сомонӣ то Кохи фарҳангии ба номи А.Рӯдаки бо донишҷӯёни донишгоҳи олӣ ва миёнаи махсуси вилоят роҳпаймои ҷавонон гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 3000 донишҷӯёну ҷавонони фаъоли вилоят иштирок намуданд. Ҷавонон дар дасти худ шиорҳои даъватӣ оид ба саҳмгузорӣ ба ин нерӯгоҳи бузурги аср ва парчами Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштанд.                   Бойд қайд намуд, ки аз рӯзи фурӯши саҳмияҳо бо маблағи зиёда аз 3 млн. сомонӣ бо ташаббуси ҷавонон ва варзишгарони вилоят саҳмияҳоро харидорӣ карданд.

Январь 13, 2010 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад