ХОДИМИ НАМОЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ОЛАМ ДАРГУЗАШТ

Январь 4, 2010 13:54

                 Душанбе, 4 январ.(АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов) – 1 январи соли 2010 ходими намоёни давлатӣ, номзади илми фалсафа, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, мутахассиси пешбари Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии мактаби олии ИҶШС Раҳмонов Тағай аз олам даргузашт.                  Тағай Раҳмонов соли 1936 дар деҳаи Кафтари ноҳияи Шӯрообод таваллуд шудааст. Баъд аз хатми факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1961, дар мансабҳои гуногуни давлативу ҳизбӣ барои ободии Ватан ва хизмати софдилона ба халқ адои вазифа кардааст. Солҳои 1980 — 1990 ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, аз соли 1990 то соли 1992 котиби Ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб, солҳои 1992-1997 ноиби ректори ДДК оид ба илм, аз соли 1997 то соли 2000 дар Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) фаъолияти пурсамар дошт. Тағай Раҳмонов аз соли 2000 то нафақа ба ҳайси машваратчии калон, сардори шӯъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмиллалии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард. Баъд аз баромадан ба нафақа низ Тағай Раҳмонов таҷрибаи бузурги ҳаётӣ ва сиёсии худ ва саломатиашро дареғ надошта, то вопасин нафас ҳамчун хизматчии давлатӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.                 Барои хизматҳои шоиста Тағай Раҳмонов бо як қатор ҷоизаҳои давлатӣ, аз ҷумла ордени Дӯстии халқҳо (с.1986), ордени Спитамен (с.1999), медали 10 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ (с.2002) ва ифтихорномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.                 Хотираи Тағай Раҳмонов дар қалби ҳамсафону шогирдон ва ёди халқ абадӣ боқӣ мемонад. 

Январь 4, 2010 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад