К. ГРОСС: «САМТИ ФАЪОЛИЯТАМРО БА ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД РАВОН МЕСОЗАМ»

Январь 15, 2010 13:00

                  Душанбе, 15 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни мулоқоташ бо Сафири нави фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кеннет Гросс гуфт, ки бо фаъолияти ӯ дар ин вазифаи олии дипломатӣ сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Амрико густариш хоҳанд ёфт.                   М. Убайдуллоев афзуд, ки ҷиҳати фарогирии холигии ҳамкориҳо робитаю муносибатҳои байнипарлумонӣ бояд нек ба роҳ монда шаванд. Инчунин, барои суботи кишвари ҳамсояи Тоҷикистон –Афғонистон таҷрибаю потенсиали ҷонибҳо ба таври густурда истифода гарданд.                  Мусоҳибон дар ҷараёни мулоқот масъалаи баргузории интихоботи парлумонии озоду шаффоф, харидории оммавии саҳмияҳои НБО «Роғун»-ро ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар матраҳ карданд.                   Дар робита ба эълон гардидани соли маориф ва фарҳанги техникӣ дар Тоҷикистон М. Убайдуллоев пешниҳод кард, ки Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи ҷумҳурӣ тарҳрезӣ ва амалӣ намудани барномаи мушаххасро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Инчунин, барои татбиқ намудани барномаи шаҳрдории Душанбе ҷиҳати таҳсили хатмкунандагони мактабҳои пойтахт дар донишгоҳи Гарвард дар заминаи Сафорати Амрико фароҳам овардани шароити мусоиди супоридани имтиҳонҳоро пешбинӣ намояд.                   Дипломати амрикоӣ дар навбати худ изҳор дошт, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои созанда, ки баҳри рушди муносибатҳои мутақобилан судманди кишварҳо нигаронида шудаанд, зимни фаъолияти дипломатиаш тадбирҳои судмандро амалӣ месозад.   

Январь 15, 2010 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст