КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БАХШИДА БА АФҒОНИСТОН АНҶОМ ЁФТ

Январь 29, 2010 10:25

Лондон,  29 январ. (АМИТ «Ховар» — ИТАР — ТАСС). – Дар  Лондон  конфронси  байналхалқӣ  бахшида ба  проблемаҳои  Афғонистон  ба  охир  расид.   Дар  он   Муншии  умумии  СММ  Пан Ги Мун, Президенти  Афғонистон  Ҳамид  Карзай,  сарвазири  Британияи  Кабир  Гордон  Браун  ва  вазирони  корҳои  хориҷии  70  мамлакати  ҷаҳон  ширкат  варзиданд. Мавзӯи  асосии  рӯзномаи  конфронс  муҳокимаи  нақшаи  тадриҷан  ба  зиммаи   мақомоти  дахлдори  Афғонистон  гузоштани  назорати  вазъияти  мамлакат,  мӯътадил  сохтани  вазъияти  сиёсию  иқтисодӣ   ва таъмини  амният  дар  Афғонистон  буд. Иштирокчиёни  конфронс  ба    дастовардҳои  ҳукумати  Афғонистон дар  мубориза ба  муқобили  истеҳсоли  маводи  нашъадор  баҳои  мусбат  доданд. Қайд  карда  шуд, ки   ҳоло  дар  20 вилояти  Афғонистон   маводи  нашъадор  истеҳсол  карда  намешавад. Дар  баёнияи  конфронс  ба   саҳми   мамлакатҳои  аъзои  Созмони  ҳамкории  Шанхай  дар  мубориза ба  муқобили  паҳн  гардидани  маводи  нашъадор  аз  Афғонистон  баҳои  баланд  дода шуд. Дар  конфронс  қайд  карда шуд, ки  кӯшишҳои  ҳукумати  Афғонистон  дар  бобати  ислоҳоти  иқтисодӣ,  аз  ҷумла  зиёд  намудани  андоз,  боҷи  гумрук,  таъмини  принсипҳои   баробарӣ,  эҳтироми  ҳуқуқи  инсон,  идораи  самарабахши   соҳаҳои  гуногуни  иқтисодиёт,  таъмини   пешрафти  иқтисодиёт  ва  ғайра  дар  оянда  самараи   дилхоҳ  дода  метавонанд. Иштирокчиёни  конфронс   нақшаи  ҳукумати  Афғонистонро   дар  бобати гуфтушунид бо  силоҳбадастон ва  ба  ҳаёти осоишта баргардонидани онҳоро  дастгирӣ  намуданд. Президенти  Афғонистон  Ҳамид  Карзай  изҳор  намуд, ки  вазифаҳои  аввалиндараҷаи   ӯ дар  даври  дуюми  президентиаш  барқарор  сохтани   сулҳ  дар  мамлакат,  таъмини  амният,   роҳбарии  самарабахш ба  ҳамаи  соҳаҳои  иқтисодиёт, таъмини  рушди  иқтисодӣ,  бо қувваи  барқ таъмин  намудани  тамоми  мамлакат, истифодаи  захираҳои табиӣ ва   густариши  ҳамкории  минтақавӣ  мебошанд. Тавре  хабар  дода  шуда буд,  дар   конфронси  мазкур   вазири  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҳамрохон  Зарифӣ  ширкат  варзид.

Январь 29, 2010 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад