МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ШУМОРАИ СУДЯҲОИ СУДИ ОЛИРО МУҚАРРАР НАМУД

Январь 7, 2010 12:15

                 Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).- Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 январ дар иҷлосияи 23-уми палатаи болоии парлумони мамлакат шумораи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардиданд.                   Масъалаи мазкурро намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина шарҳ дода гуфт, ки муайян намудани шумораи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қисми дуюми моддаи 25 ва моддаи 70-уми Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқарар намудани шумораи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат гирифтааст.                 Лоиҳаи мазкур ҷиҳати қабули Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва иҷроиши талаботи барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки дар соли 2010 таъсиси коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва маъмуриро дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Судҳои Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар назар дорад, таҳия гардидааст. Бо ин мақсад зарурияти ворид намудани 8 воҳиди иловагӣ зиёд намудани судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад.                  Намояндаи комилҳуқуқи Президенти ҷумҳурӣ дар Маҷлиси Олӣ афзуд, ки бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005-ум теъдоди судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 нафар муқарар гардида буд. Бо назардошти ин қарор шумораи мазкур аз нав таҳия гардида, дар маҷмӯъ шумораи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 нафар муқарар карда шуд.                  Ба андешаи Салимзода Шерхони Одина амалӣ гардидани қарори мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб менамояд, ки он аз ҳисоби буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад.                  Ворид намудани 8 воҳиди иловагӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таҳкими мақомоти судӣ ва амалӣ намудани ислоҳоти судӣ дар кишвар нигаронида шудааст.

Январь 7, 2010 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад