МАҶЛИСИ ШӮРОИ НАМОЯНДАГОНИ ДВЛАТҲОИ ИДМ
Минск, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Субҳи имрӯз дар Минск маҷлиси навбатии Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои ИДМ кушода шуд. Дар маҷлис масъалаҳои фаъолияти Шӯрои байнидавлатии геодезия, харитасозӣ, кадастр ва таҳқиқи қитъаҳои алоҳидаи Замин муҳокима карда мешавад. Аъзои Шӯро инчунин лоиҳаи рӯзномаи маҷлиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Баъдан пешниҳодҳо ба лоиҳаи рӯзномаи маҷлиси навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баррасӣ карда хоҳад шуд. Маҷлиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои ИДМ 24 март дар Маскав баргузор мегардад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ҳамин маҷлис роҳбари гурӯҳи нозирони мамлакатҳои ИДМ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешавад. Дар маҷлис намояндаи доимии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи ИДМ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белорусия Қозидавлат Қоимдодов иштирок дорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






