МИЛИСАҲО КОРМАНДИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ НАШУДАНД

Январь 29, 2010 10:07

Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кормандони милиса дар як лаҳза барои нафси бад шуда аз мансабу зиндагии орому осуда халос шуданд. Ин иттилоъро аз шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба мухбири АМИТ «Ховар» пешниҳод намуданд. Дар шӯъбаи мазкур воқеаи корро чунин шарҳ доданд: Сарваколатдори калони фаврӣ оид ба КММ – и шӯъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори РКД – шаҳри Душанбе М. Ҳ. Ганҷалов дар ҳамкорӣ  бо  ваколатдори калони ҳамин шӯъба С. А. Давлатов моҳи июли соли 2009 аз ҳадди  ваколатҳои мансабии худ баромада, бе гирифтани ариза ва оғози парвандаи ҷиноятӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор ғайриқонунӣ амалиёти гирифтани пораро ташкил намуда, худро кормандони прокуратураи генералӣ муаррифӣ намуда, шаҳрванд «А» — ро дар утоқи кориаш ҳангоми «гӯё гирифтани пора», ба маблағи 400 сомонӣ аз шаҳрванд Н. Розиқова дастгир намуданд. Ҳангоми «амалиёт» инчунин 860 сомонӣ ва 100 доллари ба ӯ тааллуқдоштаро гирифта барои эҳтиёҷи худ сарф карданд. Раёсати тафтишоти Агентӣ нисбати М.Ҳ. Ганҷалов ва С. А Давлатов бо моддаи 316 – и КҶҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, тафтиш мебарад.                                                                                  

Январь 29, 2010 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад