«МУҲАББАТ» СӮХТ

Январь 29, 2010 15:51

Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 20 ҳодисаи сӯхтор бо хисороти молии умумии 47 ҳазору 445 сомонӣ ба қайд гирифта шуд. Тибқи иттилои корманди маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ майор Кароматулло Абдуллоев, масоҳати умумии сӯхторҳо 888 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Чун ҳарвақта сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд. Дар давоми ҳафта дар вилояти Суғд – 4, вилояти Хатлон – 7, ВМКБ – 1, шаҳри Душанбе – 2, ноҳияҳои Турсунзода ва Ҳисор — 1, Файзобод – 2 ва Роғун 2  ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, 28 январ дар ноҳияи Ҷ. Расулови вилояти Суғд дар ошхонаи «Муҳаббат» ҷои баргузории тӯю маъракаҳо, ки ба Фароғат Камолова тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омад. Алангаи оташ дар масоҳати 40 метри мураббаъ паҳн шуда, болопӯши ошхонаро сӯхта нобуд кард. Бо қабули бонги хатар 2 адад автомашинаи оташнишонони  қисми 22 ноҳияи мазкур ба зудӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд. Сабаби ба амал омадани сӯхтор беэҳтиётона истифода бурдани гази моеъ мебошад. Гунаҳкори сар задании сӯхтор корманди ошхона Насиба Султонова дониста шудааст.      Зарари аз сӯхтори ба амал омада маблағи 3 ҳазору 200 сомониро дарбар мегирад.  

Январь 29, 2010 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад