Н. САЛИМОВ: ДАР СОЛИ 2009 — 7219 НАФАР БЕМОРИИ СИЛ
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова ). – Дар соли 2009 дар ҷумҳурӣ 152 ҳодисаи бемории вараҷа ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2008 49,5 фоиз камтар аст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов. Ҳамчунин, иброз намуд, ки аз ин 112 ҳодиса ба вилояти Хатлон, 35 ҳодиса ба ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ, 3 ҳодиса ба вилояти Суғд, як ҳодиса ба ВМКБ ва 1 ҳодиса ба шаҳри Душанбе рост меояд. Аз ин ҳисоб як ҳодисаро вараҷаи тропикӣ ташкил медиҳад. Инчунин, ӯ қайд намуд, ки Барномаи мубориза бар зидди бемории сил барои солҳои 2003-2010 дар ҷумҳурӣ амалӣ гардида истода, лоиҳаи нави «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2010-2015» таҳия ва қабул гардид. Ташхису табобати беморони гирифтори шакли мутобиқгаштаи сил ба роҳ монда шуда, айни ҳол 48 нафар беморон зери табобат қарор доранд. Қарордод дар хусуси маблағгузорӣ ва аз моҳи маи соли 2010 ба табобат фаро гирифтани 400 бемори гирифтори шакли мутобиқгаштаи сил ба даст омадааст. Бояд қайд намуд, ки дар соли 2009 — 7219 нафар бемории сили фаъол ба қайд гирифта шуд, ки 6005 нафарашон бори аввал ошкор шудаанд. Дар маҷмӯъ нисбати соли гузашта 441 нафар бемор кам ба қайд гирифта шуда, беморони бори аввал дарёфтшуда бошад, 110 нафар кам гаштааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






