ОҒОЗИ НАҚШАИ ГЕНЕРАЛИИ ДИГАРГУНИИ СОХТОРИИ МУАССИСАҲОИ ТИББӢ
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз моҳи январи соли 2010, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази татбиқи лоиҳаи тандурустии ҷомеавӣ ва заминавӣ дар чорчӯбаи маблағгузории иловагӣ Мушовараи байналмилалиро оиди таҳия намудани Нақшаи Генералии дигаргунии сохтории муассисаҳои тиббии ҷумҳури дар сатҳи миллӣ, вилоятӣ ва ноҳиявиро оғоз менамояд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Маркази татбиқи лоиҳаи тандурустии ҷомеавӣ ва заминавӣ иттилоъ доданд, пешбинӣ шудааст, ки нақшаи Генералии муассисаҳои тиббӣ — чун ҳуҷҷати асосии инвеститсияҳои ояндаи инфраструктураи соҳаи тандурустӣ аз тарафи сармоягузорон қабул хоҳад шуд. Бояд қайд намуд, ки татбиқи Нақшаи генералии таҳиягардида бо роҳи амалӣ сохтани гузариши муассисаҳои тиббӣ ба маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳо ва инчунин бо роҳи ислоҳоти сохтории муассисаҳои тиббӣ ва самаранок ҷо ба ҷо намудани потенсиали инсонии соҳа бо назардошти равандҳои мавҷудаи иҷтимоию демографӣ ба роҳ монда мешавад.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






