РОҒУН АРСАИ НОМУСУ НАНГ

Январь 8, 2010 11:58

                   Суғд, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов).- Муроҷиатномаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон пахш гардид. Сарвари давлат бори дигар баён дошт, ки Роғун на танҳо манбаи нуру рӯшноӣ, балки санги маҳаки номуси миллӣ, шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти миллат ва давлати Тоҷикистон мебошад. Ин нуқтаи муҳимро кулли ҳамватанон ба хубӣ дарк намуда, субҳи дигар, ки аллакай дар тамоми нуқтаҳои бонки Амонатгузорӣ саҳмияҳои НОБ- Роғун ба фурӯш гузошта шуда буд, харидорӣ намуданд. Дар қатори садҳо нафар сокинони бо нангу номуси вилоят мардуми меҳнатқарини ҷамоати Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо амри дилу виҷдон аз саҳмияҳои НОБ-и Роғун харидорӣ намуданд. Аз ҷумла аҳли коргоҳи ҶММ «Шарбати Қистакӯз» директораш Дилором Сатторова 11 ҳазор сомонӣ, соҳибкори ҳунарманд Комилҷон Зуҳуров 30 ҳазору 500 сомонӣ, раиси ҷамоати Қистакӯз Ҷамил Оғлуқов аз ҳисоби пасандозҳои худ 5 ҳазору 100 сомонӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонии АХД «Тоҷикистон» Абдуҷамил Саидов, Муқаддас Абдураҳмонов, Аъзам Додобоев 5 ҳазор сомонӣ, раиси АХД ба номи домулло Азизов Муқимжон Дадохӯҷаев 5 ҳазор сомонӣ, раиси хоҷагии деҳқонии «Абдураҳим–саркор» Абдуҳалим Раҳмонов ва соҳибкорони инфиродӣ Эминҷон Ҳакимов, Бахтиёр Ғоибов, Абдусамеъ Раҳмонов ва директори мактаби таҳсилоти умумии №80- ҷамоати мазкур Абдурафиъ Холбоев саҳмия харидорӣ намуданд. Дар маҷмӯъ он рӯз 328 нафар ба маблағи бештар аз 200 ҳазор сомонӣ cаҳмия хариданд.

Январь 8, 2010 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст