САҲМИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ ҲИСОР ДАР ХАРИДОРИИ САҲМИЯҲОИ НБО-«РОҒУН»

Январь 22, 2010 11:01

                   Душанбе, 22 январ.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).- Сокинони ноҳияи Ҳисор моҳият ва зарурати сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро дуруст дарк намуда, ба маблағи 6, 5 миллион сомонӣ саҳмияҳои ин иншооти муҳими асрро харидорӣ каданд.                   Назар ба иттилои роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ҳисор Бобосафар Шарифов, муроҷиати Сарвари давлат аз ҷониби тамоми қишрҳои аҳолӣ дастгирӣ ёфта, маоши якрӯзаи кормандони тамоми корхонаю ташкилотҳои ноҳия ба миқдори беш аз 70 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби сохтмони НБО «Роғун» гузаронида шуд.                     Бобосафар Шарифов афзуд, ки муроҷиати Президенти ҷумҳуриро яке аз аввалинҳо шуда, рӯҳониён, ходимони дин ва намозгузорони ноҳия хуб пазируфтанд. То имрӯз аз ҷониби масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи ноҳия беш аз сад ҳазор сомонӣ маблағ ба суратҳисоби НБО «Роғун» гузаронида шуда, ин раванд бо суръат идома дорад.

Январь 22, 2010 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст